Имрӯз (23.11.2020) таҳти ин унвон дар ДМТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исҳоқӣ конференсияро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки «Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Баъдан, Ҳусейнзода Хусрав – ёрдамчии муовини Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон, Ашуров Алиназар – корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимова Зебо – ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи донишгоҳ суханронӣ намуд.