Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар самти ҳифзи рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф аст.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи ҷавонони ватандӯст бештар эҳсос мешавад.
Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!
Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон, таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно дорам.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!