ҲАФТАИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ

691

Аз 1-ум то 4-уми декабри соли ҷорӣ ХIII Ҳафтаи маорифи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) бо назардошти вазъи эпидемикии баамаломада дар шакли онлайн баргузор гардид. Дар заминаи он конференсияи байналмилалии илмию амалии донишгоҳҳои СҲШ таҳти унвони “Донишгоҳи СҲШ: Мушкилиҳои ҷаҳонӣ ва имкониятҳо барои рушди устувор, то соли 2030” баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишастҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ХIII Ҳафтаи маорифи кишварҳои узви СҲШ бо ибтикори Вазорати илм ва таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия доир гардид, ки ҳадаф аз он ҳалли мушкилиҳои илму таълим, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, беҳтар намудани фаъолияти донишгоҳҳои аъзои СҲШ, таҳким бахшидани самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва ҳалли мушкилиҳое, ки баъд аз бемории COVID-2019 пайдо гардидаанд, буд.