Имрӯз (18.03.2021) устоди Донишгоҳи миллӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, ҳуқуқшиноси ҷавону ғаюр Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор дар мавзӯи “Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти сивилистӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, аз ҷониби аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ҷавонтарин доктор дар риштаи ҳуқуқ (дар сини 33 солагӣ) муаррифӣ гардид.
Ғаффорзода И.Ғ. яке аз ҷавонони масъулиятшинос ва ҷӯянда буда, дар робита ба мавзӯи мазкур таҳқиқоти арзишманде ба сомон расонидааст. Тавре дар аввалсухани рисола иброз медорад: «Кӯдак, вазъи ҳуқуқии ӯ, нақши давлат дар танзими муносибатҳо бо иштироки кӯдакон, ҷавобгарии падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд гурӯҳи асосии масъалаҳоеро ташкил медиҳанд, ки дар марҳилаи муосири рушд ба сифати проблемаи асосии ҳалталаб ва таъхирнопазир мебошад».
Муҳаққиқи ҷавон дар рисолаи докторӣ паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкурро мавриди таҳлил қарор додаст. Вобаста ба ҷанбаҳои илмию амалии мавзӯъ дар бобҳои рисолаи докторӣ: «Заминаҳои таърихӣ ва зеҳнии пайдоиши консепсияи вазъи ҳуқуқи кӯдак», «Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак дар муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ» ва «Проблемаҳои амалигардии ҳуқуқу уҳдадориҳои кӯдак дар муносибатҳои алоҳидаи ҳуқуқии хусусӣ» ва «Проблемаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак» маълумоти муфассал оварда шудааст.
Дар умум метавон гуфт, ки таҳқиқоти доктори ҷавон Ғаффорзода И.Ғ. ҷиҳати мукаммал гардонидани қонунҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак амалкунанда ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хуб тарбия намудани қӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо мусоидат менамояд.
Ба ҷавонтарин доктор дар соҳаи ҳуқуқ Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор саломатӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмию эҷодиро орзӯмандем. Ҳимояи рисолаи докторӣ муборак!