СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ВА ДОНИШГОҲҲОИ УКРАИНА БА ИМЗО РАСИДАНД

1418

Имрӯз (31.03.2021) дар доираи Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» як зумра роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф омада, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. ва дигар шахсони масъул мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, дар зимн миёни ДМТ ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина, аз ҷумла бо Академияи байниминтақавии идоракунии кадрҳо, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология, Донишгоҳи тиҷорат ва ҳуқуқи Лвов, Донишгоҳи миллии Кривой Рог, Донишгоҳи миллии техникии нафту газ, Донишгоҳи миллии Украинаи Ғарбӣ, Донишгоҳи давлатии Сумӣ, Донишгоҳи миллии политехникии Лвов, Донишгоҳи миллии Карпат, Донишгоҳи миллии Ужгород  созишномаҳо ва чанд ёддошти тафоҳум ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Украина» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 80 нафар намояндаи муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Украина иштирок доранд.