ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯ: ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА МАСЪАЛАИ МУҲОСИБОТ

512

Имрӯз (03.04.2021) бо ташаббуси Донишгоҳи миллии аграрии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин таҳти унвони “Таъсири иқтисодиёти рақамӣ ба таҳаввулоти касби муҳосибӣ: мушкилот ва дурнамо” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии онлайнӣ баргузор гардид.

Дар видеоконференсия намояндагони донишгоҳҳои олии Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, инчунин, намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва молиявию иқтисодӣ ширкат варзиданд. Дар ҷараёни видеоконференсия ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи ҳамоиш суханронӣ намуд.

Зимни суханрониҳо масъалаҳои мубрами иқтисодиёти рақамӣ, муҳосибот, таъсири пандемия ба иқтисод, инчунин, таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ баррасӣ гардиданд.