ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯ: ҶОМЕАИ ДОНИШМЕҲВАР

659

Имрӯз (12.04.2021) бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технология (Ҷумҳурии Украина) Конгресси IV байналмилалии илмии “Ҷомеаи донишмеҳвар, 2021” тариқи онлайн баргузор гардид. Дар кори ҳамоиши онлайнӣ роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Украина, Латвия, Полша, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Гурҷистон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши онлайнӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, дар робита ба ҷанбаҳои муҳимми илму истеҳсолот суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни Конгресси IV байналмилалӣ иштирокчиён дар робита ба рушди илму фарҳанг ва истифодаи таҷрибаи якдигар мубодилаи афкор намуданд. Таъкид шуд, ки чунин конгрессҳо барои такмил додани маҳорати зеҳнӣ ва рушди илму таълим, инчунин, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳони илму эҷод мусоидат менамояд.