Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дастаи донишҷӯёни ДМТ дар чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ-сиёсӣ иштирок менамоянд. Чанде қабл бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи бахши «Намоиши либосҳои қадимаи чакан» ғолиб ва сазовори «Диплом» гадид. «Диплом» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. супорида шуд.
Инчунин, 29-уми апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳо – аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) — Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи навбатӣ ҳамаи самтҳо ва арсаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои созмон ва ҷанбаҳои мухталифи масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Дар чорабинӣ изҳори умед карда шуд, ки саъйю талошҳои ҷонибҳо дар татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда самараи дилхоҳ дода, робитаҳои кишварҳои аъзо тақкими бештар пайдо хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинии сатҳи олӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар истиқболи меҳмонони олиқадр ва ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузории чорабинӣ саҳм гузоштанд.