ФАЪОЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САБАҚ БАРОИ ҶАВОНОН

822

БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ.

 Таърихи қадима ва фарҳангу тамаддуни ғанӣ доштани тоҷиконро сарчашмаҳои зиёди таърихӣ тасдиқ намуда, таърихи шаҳру минтақаҳои тоҷикнишинро 1000-солаву аз он зиёд медонанд. 1121-солагии давлати қадимаи тоҷикон-Сомониёнро, ки дар замони худ бемислу монанд буд, касе инкор карда наметавонад. Таҷлили 1100-солагии ин давлати абарқудрат дар соли 2000-ум шубҳаву эҳтимолиятҳои мавҷударо аз миён бурд. Дар баробари ин далелҳои дигари таърихӣ дар мавриди парокандагии давлати тоҷикон, зери зулму ситам мондани мардуми тоҷик ва мустамлика гардидани кишварро низ инкор кардан номумкин аст. Танҳо баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон орзуи наздик ба ормони миллати тоҷик амалӣ гардид, давлате дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо номи Тоҷикистон сабт шуд. Дар тӯли 100-солаҳо насли нав қариб, ки аз мавҷудияти миллате бо номи тоҷик фаромӯш карда буданд.

 Заҳмату талоши зиёде лозим буд, то обруву нуфузу давлати тоҷикон барқарор шаваду дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ. Бар замми ин, ҷанги бародаркӯши солҳои аввали соҳибистиқлолӣ расидан ба ҳадафҳоро мушкилтар менамуд. Баробари зарари зиёди моддӣ ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон рахнаи ҷиддие зада шуд, акнун ин давлат чун давати ҷангзада муаррифӣ мегардид, ВАО-и дохилу хориҷӣ пайваста аз ҷанги нангини тоҷикон менавиштанду мегуфтанду намоиш медоданд. Аз рӯйи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва назарияи имрӯзаи илми сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ, ки дар такя ба фаъолияти ВАО хулоса мекунанд, барои муаррифии дурусти кишвар, пайдо намудани нуфузи давлат сохтани имидж ва бунёди бренди ҷумҳурӣ шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Амалӣ намудани онҳо кори саҳлу осон набуда, вақт ва заҳмати зиёдро талаб мекунад.

Дар раванди бунёди нуфуз ва имиҷи кишвар агар чеҳрае пайдо шаваду бо фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи натиҷаовар миёни ҷомеа эътибор пайдо карда, симои давлат гардад, роҳи кӯтоҳи ба ҳадаф расидан пеш меояд. Чуноне ки муҳаққиқон зикр намудаанд: “Имиҷи сиёсии роҳбари ҳукуматӣ яке аз ҷанбаҳои калидӣ дар бавуҷуд овардани афкори омма ба ҳисоб меравад” Ҳамин гуна чеҳра дар солҳои барои Тоҷикистон бисёр сангину нанги абармард Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият мақсади муайян дошт ва минбаъд то имрӯз низ ҳамчун намоёнтарин чеҳра кишварро муаррифӣ менамояд. Ин нуктаро бисёриҳо дар хотирот ва таҳқиқоти худ зикр мекунанд. Аз ҷумла, дар китоби “Ваҳдат, Давлат, Президенд” қайд гардидааст: “Баъди ихтилофоту якдигарнофаҳмиҳо, дар ҳолате ки тақдири миллати тоҷик ҳал мешуд, ба майдони сиёсат Эмомалӣ Раҳмон ворид гардид ва исбот кард, ки воқеан ҳам ӯ ҳомии миллат аст, дақиқназарона, андешамандона, ботаҳаммул қувваҳои бо ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш овард, барои бадаст овардани сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ҷасорати шахсӣ нишон дод, ба ҳама фаҳмонида тавонист, ки ба ҳам омадан ягона роҳи наҷоти Тоҷикистон аст ва пора-пора, қисм-қисм нашудан низ гувоҳи тақдири баланди мост…” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандеш, дипломати қавиирода ва фарзанди баору номуси ифтихорманди ниёгони худ дар тарҳи имиҷи кишвар ва брендинги давлат саҳми боризе дошта, эътимоди оммаро ба даст овардааст. Гарчанде дар оғози фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба имиджмейкинг ва бренд таваҷҷуҳ камтар зоҳир мегардид, махсусан, дар кишвари мо ин мафҳумҳо қариб, ки нопадид буданд, аммо ба корномаҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳ намуда, ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки тамоми талабот ва нозукиҳои ин назарияи ҷадидро дар амал татбиқ карда тавонистааст: зина ба зина ва бисёр моҳиронаву ҳадафнок. Зинаи аввалин барои сохтани имиҷи шахс ин дарки маҳорату малакаи худ ва мувофиқ ба он нақшаи амалишаванда тартиб додану амал намудан мебошад. Худшиносии Эмомалӣ Раҳмон ба устувориву худбовариаш боис гардида, ки ҳанӯз аз оғози фаъолият самту ҳадафҳои худро муайян карду ба ҷомеа ваъда дод, ки сулҳ меоварад. Суханони дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садододаи сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамагон ёд доранд: “Ман ба ҳар яки шумо дар даврони барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.” Сипас, ин гуфтаи Президенд ҳамчун шиори муаррификунандаи худи ӯ вирди забонҳо гардид. Бояд зикр кунем, ки иқтибоси шахс, ки минбаъд ҳамчун шиор шинохта мешавад, яке аз муваффақиятҳои асосӣ дар роҳи муаррифӣ ва дар шуури аудитория ҷой кардани мавқеи шахс мегардад. Эмомалӣ Раҳмон дар самти шиорсозӣ яке аз шахсиятҳои муваффақ аст. Шиорҳо аз қабили “Ҷавонон- нерӯйи созандаи кишваранд”, “Оилаи солим-ҷомеаи солим”, “Ҷавонон – ояндаи кишваранд” аз ҷумлаи он иқтибосоти Пешвои миллатанд, ки дар тули солҳои муайян вирди забонҳо гардидаву дар даромадгоҳи шаҳру деҳот, биноҳои давлатӣ овезон мебошанд. Аз ҳама машҳуртаринаш дар замони имрӯз, ки дӯстдоштаниву шуниданӣ гардидааст ва ҷавонон бо ифтихор дар ҳар мавриди муайян онро такрор мекунанд, “Тоҷикистон, ба пеш!” мебошад, ки Сарвари давлат ин суханро ҳамчун шиор бо эҳсоси баланд дар кушодашавии агрегати якуми НОБ-и Роғун се маротиба такрор намуда, боиси ба вуҷуд омадани афкори омма дар самти худсозӣ гардид. Бартарии дигари Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки пайваста ба ҷавонон такя карда, шиорҳои низ ба онҳо равона мешаванд. Ин аст, ки эътимоди ҷавонон ба Президенти кишвар рӯз аз рӯз афзун мегардад. Иштироки волантёрҳои зиёди ҷавон дар аксияҳои гуногуни вобаста ба фаъолияти Пешвои миллат ва дар самти амалии сиёсати ҳукумат, роҳандозии ҳадафҳои ҳизби ҳукмрон, ки роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, исботи гуфтаҳоянд. Исботи дигар ин дар саҳифаи шахсии сомонаҳои иҷтимоӣ гузоштани расму иқтибосоти Сарвари давлат, гузоштани наворҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мавзуъҳои гуногун, ки бо эҳсосу самимӣ гуфта шудаанд, мебошад.

Самимӣ ва ба ҳаёти ҷомеа наздик сухан гуфтан унсури дигари имиджсозӣ аст, ки маҳорати Пешвои миллат дар ин самт беҳамтост. Дар ҳар вохӯриву баромадҳо ба ғайр аз баромади протоколӣ аз таҷриба воқеаҳои муҳимро ба хотир оварда, суханони ба дили мардум наздик мегӯяд, ки ин бетаъсир намемонад. Махсусан, суханони Ҷаноби олӣ дар бораи модар ва нақлҳои воқеӣ аз ҳаёти шахсӣ дар иртибот ба волидайн таъсирбахшанд. Дар минбар расми модарро бӯсидану бо резиши оби чашм дар бораи бузургии модар сухан гуфтан таъсирнокии суханонро зиёд карда, эҳсоси аудиторияро бедор менамояд. Тарзи гуфтор, мимикаи чеҳра, дар ҷойҳои мувофиқ иваз намудани оҳанги гуфтор, задаҳои мантиқӣ гузоштан ба суханони худ, истҳои бомаврид, истифодаи ҳаракати дастон аз маҳорати суханварӣ ва таъсиргузориаш дарак медиҳанд, ки ин хислатҳои вижаи роҳбари сиёсӣ ба ҳисоб мераванд.

Муҳиммияти зинаи дигари ташаккули имидж ин амалӣ намудани мақсаду нақшаҳои аллакай ба ҷомеа маълум мебошад, ки боиси пайдо шудани эътимоди онҳо нисбати шахс мегардад. Иҷро намудани ваъдаи дар назди ҷомеа ироа гардида нуфузу эътибори шахсро бунёд мегузорад. Ваъдаи сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъмини сулҳ барои баъзеҳо боварнакарданӣ буд, аммо дар баробари ин ба мардуми таҳҷоии ҷангзада умед мебахшид. Вақте Президенти кишвар барои ваъдаи худ, ки ҳамчун сарвари давлат ҳадафи асоии ӯро ташкил медод, яъне таъмини сулҳу осудагӣ, тамоми саъю кӯшишро равона намуду ба ин ҳадаф расид, эътимоди оммаро ба даст овард. Тавонист ҷонибдорони зиёди ихлосмандро дар атрофаш ҷамъ кунад. Акнун гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ташаккули имиджи худ ҳамчун сиёсатмадор, ҳамчун шахси бонуфуз бренди шахсии худро замина гузошт. “Акнун дар тамоми Тоҷикистон эътироф мешавад, ки мо сарвари муносиб дорем ва тамоми дунё эътироф менамояд, ки тоҷикон тавассути хираду тамаддуни қарнҳо боз гирдовардаи худ хеле тез ва сари вақт ба худ омаданд ва кишвари худро соҳибӣ намуданд”. Яке аз вижагиҳои бренди шахс ин амалҳои ғайричашмдошти ӯ мебошад. Қаҳрамон амале иҷро менамояд, ки дигарон ба он ҷуръату бовар надоранд ва ё дар борааш ҳатто намеандешанд. Дар фаъолияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин корнамоиҳо зиёданд. Бо мухолифин сулҳ бастан, бевосита ба тамоми гуфтушунидҳои мухолифин нотарсона иштирок намудан, пайваста назди оммаи васеъ рафта, бевосита бо онҳо суҳбат намуданро на ҳар сиёсатмадор анҷом мерасонад. Яке аз ташаббусҳои асосии Роҳбари давлат ин сохта ба исифода додани агрегатҳои НОБ-и “Роғун” мебошад, ки чандинсолаҳо бо сабабҳои гуногун аз сохтмон бозмонда буд. Ин гуна амалҳо аудиторияро ба ваҷд оварда, номи қаҳрамонро вирди забонҳо мекунаду ҷомеаро зери таъсир мегирад.

Ҳар қадар, ки шахс аудиторияи худро хуб шиносад, ҳамон қадар дар самти худмуаррификунӣ, имиджу бренд муваффақ мегардад, зеро медонад, ки дар кадом ҳолат бо кадом гурӯҳ чӣ гуна муносибат намояд. Аз оне ки Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнвораҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯриҳо мегузаронад ва дар ҳар кадом суханрониҳо (берун аз протокол) нақлу хотироти мувофиқ нақл менамояд, маълум мегардад, ки аз авзои равонии қишрҳои гуногуни ҷомеа хуб огоҳӣ дорад ва бо кӣ чӣ гуфтанро хуб медонад. Дар баробари ин, ҳамчун роҳбари кордону дурандеш ва донишманд аз проблемаҳои ҷомеа ба хубӣ огоҳ буда, зина ба зина баҳри раҳоӣ аз проблема саъю талош мекунад. Албатта, барои бартарафсозии камбудиҳо зарур аст, ки гурӯҳи калони ихлосмандон муттаҳид бошанд, ин иттиҳодро Пешвои миллат дар гирди худ сохта тавонистааст. Натиҷаи овоздиҳии интихоботи президентӣ, ки фисади зиёди ҷонибдорони Эмомалӣ Раҳмон аёйн мегарданд, исботи гуфтаҳои боло мебошад. Дар замони имрӯз роҳбарони сиёсӣ ё номзадон ба роҳбарии давлат нақшаҳои зиёде тарҳрезӣ кардаву маблағи зиёд сарф мекунанд, мутахассисону мушовиронро ҷамъ меоваранд, то имиджи худро ҳамчун роҳбари кордону ободкор созанд ва аз худ чун бренд дарак диҳанд. Ба ин мисол шуда метавонанд ду президенти Амрико Барак Абама ва Доналд Трамп, ки дар сатҳи истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии худ қариб, ки нишондоди рекордӣ доранд. Дар ин бора дар мақолаи “Имиҷи пешвои сиёсӣ дар даврони расонаҳои рақамӣ” (“Имидж политического лидера в эпоху цифровых медиа-технологий”) маълумоти бештар оварда шудааст Муҳаққиқон ва мутахассисоне, ки ба мавӯи имиджу бренд таваҷҷуҳ доранд, муътақиданд, ки барои ба даст овардани эффекти лозима бояд аз падидаҳои муосири замон, аз қабили интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне контентҳои барои омма дастрас васеъ истифода бурда шавад ва чунин менависанд: “Дар замони муосир барои сохтани имиҷи пешвои сиёсӣ баробари воситаҳои классикӣ, ҳамчунин, воситаҳои муосир низ бояд васеъ истифода гардад, аз ҷумла компютерикунонӣ, суръати баланди интернет, истифодаи воситаҳои мобилӣ ва ғайра.”

Бояд зикр кунем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар замоне тавонист имиджи худро бунёд кунад, эътимоди ҷомеаро ба даст биоварад ва ҳамчун сиёсатмадори кордони сатҳи ҷаҳонӣ, чеҳраи асосии Тоҷикистон шинохта шавад, ки интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти ҷомеа камтар ворид гардида буданд ва элементҳои брендинг аз нигоҳи назарӣ ҳамакнун мавриди омӯзиш қарор мегирифтанд. Аз ин нигоҳ месазад, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоиҳои ӯ дар самти худсозии шахс ҳамчун Пешвои сиёсӣ омӯхта шавад.

МОҲИРА САФАРЗОДА,

муаллимаи калони кафедраи телевизион

ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ