Ҷавонон неруи бузурги созандаи кишваранд

1211

(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар)

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо авомдиҳандагони кори насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҳар давру замон ҷавонон неруи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҷомеаи мутамаддин шинохта шудаанд. Бахусус, дар шароити кунунии ҷомеаи печида ва пешрафти ҳанггуфти ҳамарӯзаи техникаву технология, фаҳмиши зеҳниву ақлонии ҷавонон дар қарни XXI мавриди тақозои пешрафт аст. Дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа ҷавонон кору фаъолият дошта, дар пешрафти илму фарҳанг, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, варзиш саҳми беандоза мегузоранд. Дар Тоҷикистони азизи мо ҳафтод дарсади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин як қувваи хеле азиме дар пешбурди корҳои бунёдкорию созандагист. Имрӯз тарбия намудан, таълим додан, ихтисос бахшидан, ба корҳои гуногун ҳидоят кардан, ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа ҷалб намудани ҷавонон яке аз масъалаҳои стратегии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Давлату ҳукумат барои ҳаллу фасли проблемаҳои ҷавонон, ояндаи дурахшони онҳо ғамхории махсус зоҳир намуда, дар пешрафти ҳаракати ҷавонон баҳри созандагию худшиносӣ, худогоҳиву ватандӯстӣ қадамҳои устувор гузошта шудааст. Воқеан, ҷавонон ояндаи миллат ва бақои давлати тоҷиконанд. Аз ин рӯ, бояд аз таърих сабақ омӯхта, барои фардои нек пайваста хондан, меҳнат кардан, заҳмат кашидан ва ақлу зеҳни худро барои шукуфоии бештари Ватан нисор намудан шиори ҳар як ҷавон гардад. Дар амалӣ шудани ҳамагуна иқдомҳои нек ва ташаббусҳо давлату ҳукумат пайгиру мададгори ҷавонон буду мебошад. Албатта, ҳамаи масъалаҳо ҳамон вақт ҳалу фасл мегардад, ки таҷрибаи мусбати таърихи гузаштаи начандон дурро пеши рӯ оварда, онро андӯхта, имрӯз мавриди назар қарор диҳем. Мо, бояд фаромӯш насозем, ҳар иқдоми неке, ки дар гузаштаи на чандон дур дар кишварамон сурат гирифта буд, дар саргаҳи он маҳз ҷавонони ташаббускор қарор доштанд. Хидмати бузург ва шоёни онҳо дар азхудкунии води Вахш, Дилварзин, Канали калони Фарғона, Канали калони Ҳисор, Роҳи калони Помир, роҳи ағбаи Анзоб, Шаҳристони солҳои 30-40-уми асри ХХ шоистаи таҳсин аст. Сохтмони умумииттифоқии «БАМ» (Шоҳроҳи Байкалу Амур), иштироки ҷавонон дар Ҷанги Бузургии Ватанӣ, солҳои баъдиҷангии барқароркунӣ, сохтмонҳои азим, ҳаракатҳои сохтмонии донишҷӯён дар давраҳои гуногуни таърихӣ далели ин гуфтаҳост. Ҷавонони кишвар чун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар замони Шӯравӣ дар сохтмонҳои азим ба мисли заводи арзизи шаҳри Турсунзода, Неругоҳи барқии обии «Норак», заводи нуриҳои азотии Вахшу Ёвон ва дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди Неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», шоҳроҳҳои азим ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон саҳби босазо мегузоранд.

Нақши ҷавонон дар охири асри ХХ ва аввали асри XXI дар замони глобализасия (ҷаҳонишавӣ) дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар эътибори хоса пайдо кардааст. Маҳз ҷавонони дорои маърифати баланд, тафаккури созанда, дурбину боандеша ва ахлоқи ҳамида метавонад пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Барои амалӣ намудани чунин арзишҳои миллӣ ҷавонони мо бояд рӯҳи барозанда ва эҳтироми миллиро ба ҷо оранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина бамаврид таъкид карданд: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд, зеро мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни онҳо мекӯшад». Ваҳдати миллӣ, ягонагии тамоми қисматҳои ватан, посдории таъриху фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан, ҳурмату эҳтиром кардани қонунҳои амалкунанда, донистани он қонунҳо, волоияти он, дониш андӯхтан ва онро дар амал татбиқ кардан бояд кори ҳар як ҷавони тоҷик бошад. Маҳз надонистани қонунҳо, ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ, ҷавонон имрӯз бо «тавсияҳо» ва «нишондодҳо»-и душманони миллати тоҷик худро ба ҳар тараф мезананд. Даст ба корҳои ношоям мезананд ва ба ташвиқу тарғиби идеологияи бегона, мафкураи бегона дода мешаванд. Онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ба афкори мо бегона ва қонунан манъшуда рустию ошкоро аъзо шуда, корҳои тахрибкорӣ мекунанд. Чунин ашхос на танҳо барои худ зиндагии ноорому талх ташкил мекунад, балки барои наздикону пайвандон, ахиран барои миллати хеш доғи сиёҳ меоранд. Тарбияи чунин ашхос, бахусус, ҷавонон дар муҳити имрӯза хеле зарур ва ҳатмист. Таълиму тарбияи насли наврас бояд аз хонадону боғча, дабистону мактабҳои олӣ оғоз гардида, силсила ба силсила, дар зери фаҳмишҳои таърихӣ, фарҳанги волои миллӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан, садоқат ба дину оини анъанавӣ, маслаки ҳамарӯзаи инсонӣ, дарки масъулият дар назди халқу ҷомеа, миллат сурат гирад. Имрӯз ҷомеа ба ҷавонон ва ҷавонон ба ҷомеа ниёз дошта, ҳар як фарди солим медонад, ки ҷавонон ояндасози миллати худ ҳастанд. Бинобар ин, такя ба ҷавонони худогоҳу доно, солиму боандеша, ин такя ба ватандории онҳо, ба бақои ояндаи миллати тоҷик аст. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд». Воқеан чунин аст ва ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Таъкид ба ёдоварист, ки муноқишаи сарҳадии байни қирғизу тоҷик дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бори дигар суханҳои таърихии Сарвари давлат «…ба ин неруи тавонои кишвар, (ҷавонон дар назар аст-А. А.) марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад…» дар ҳимояи марзу буми Ватан сухани рӯз гардид. Аз дигар тараф, деҳаи Ворух, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони азиз рамзи (символи) муттаҳидии тамоми қишрҳои кишвар гардид, ки нишоне аз ваҳдат ва ҳувияти таърихии халқи тоҷикро дар як давраи хеле нозуки зиндагӣ бори дигар исбот кард. Ҳамин қувваи бузург, неру ва иродаи матини ҷавонон, саҳми онҳо дар корзорҳо, ватандӯстии онҳо дар мулоқоти Сарвари давлат ҷойгоҳи хоса дошт. Бо ифтихор таъкид доштанд, ки «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд». Маҳз дар пешорӯи ин муборизаҳо ҷавонони бонангу номуси миллат меистоданд, ки мо онро бо чашмони бинои хеш дидем. Гирдуҳамоӣ ва намоиши ҷавонони ғаюри миллат баҳри ҳифзи ҳар як ваҷаби марзу буми Тоҷикистон, ки рӯзҳои мудҳиши 28,29 ва 30 апрели соли ҷорӣ шуда гузашт, бори дигар нишон дод, ки Ваҳдати миллӣ барҷост ва онро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гиромӣ медорад. Дар ин маврид ҳам Пешвои миллат зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар таъкид карданд, ки «Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷовонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд». Модар яктост, Ватан яктост- шиори ҳар яки мо, бахусус ҷавонони баномуси мо бошад. Он гоҳ, ман фикр мекунам ба мақсадҳои аслӣ мерасем ва меросбари аҷдодони худ шуда метавонем…

Иштироки ҷавонони бонангу номуси миллат дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ, таърихиву фарҳангӣ, илмию тадқиқотӣ хеле назаррас гардидааст. Ширкати фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, иқтисодӣ боиси ифтихор ва қобили қабул аст. Аз тарафи дигар ҷавонон ё шахсоне ҳам ёфт шуданд, ки гузаштаи худро нодида гирифта, инкор ҳам карда, воқеаву ҳодисаҳои таърихро нодуруст маънидод намуда, хизмати шахсиятҳои таърихиро инкор ва бобоёну падарони худро мазамату сӯйи онҳо сангандозӣ мекунанд. Ин амал на ба қонунҳои амалкунанда, на ба афкори таърихию фалсафии мо тоҷикон, на ба фармудаи паёмбари Ислом мувофиқат мекунаду на ба нишондоди пешвои мазҳабии мо Имоми Аъзам.

Давлату ҳукумат барои пешрафти афкору кору пайкори ҷавонон ҳамарӯза ғамхорӣ зоҳир карда, дар тарбия ва ба камолрасии онҳо мусоидат мекунад. Дар ҳамин маврид аҳли ислом, пешвоёни он низ пайваста барои дурандешӣ, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷавонон кӯшишу ғайрат намоянд. Онҳоро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ, ифтихори мазҳаби анъанавӣ, солимии афкори онҳо тарбия ва роҳнамоӣ карда, аз андешаҳои нопок, каҷравиҳо, гаровиданҳо ба ҳаракату ҳизбҳои иртиҷоӣ бо фаҳмонидан дарки масъулиятшиносӣ ҷавононро бо роҳи рост ҳидоят намоянд. Дар тамоми давру замон ҳидоят ба росткориву ростравӣ, ростгуфторӣ, ростқавлӣ буду ҳоло ҳам бояд бошад. Насли калонсол бештар масъулият дар назди ҷавонон дошта бошанд, зеро амалҳои неки онҳо боиси пайравӣ ва омӯзишӣ барои ҷавонон гардад.

Мо, имрӯз дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз қарор дорем, аз ин рӯ, тамоми қувва ва неруи ақлонию ҷисмонии худро барои рушду пешраф ва шукуфоии бештари Тоҷикистони азизамон сарф намоем ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем. Дар ҳамин маврид суханони Сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар таъкид карданд: «Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд».

Аъзамҷон Азимов,

профессор