Мардуми Осиёи Марказӣ ва дигар қавму қабилаҳои эронитабору турктабор дар тӯли дуҳазор соли ахир, муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва садҳо ҳодисаҳо ва воқеаҳои табиӣ ва иҷтимоиро баҳам гузарониданд; сардию гармиҳои зиндагиро якҷо чашида, то имрӯз рӯзгори худро пеш мебаранд. Онҳо дар ҳазор соли ахир бо якдигар зиёд омезиш ёфтаанд.
Яке аз ҷашнҳои бузурге, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ мардумро аз замонҳои қадим бо шодмонӣ ва созу наво муттаҳид намуда, то имрӯз идома дорад, ин Наврӯз аст. Бинед, ин ҷашни тоҷиконро чи гуна бо муҳаббат, мардуми шарифи ӯзбек ва халқҳои дигар пазируфтаанд, ки ҳама онро иди худ медонанд. Дар байни мардуми Ӯзбекистон иҷрои оинҳои наврӯзӣ то ба имрӯз бо меҳр ва дар якҷоягӣ иҷро мегардад. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми ин кишвари дӯст, нишонаҳои оинҳои наврӯзӣ дар зеҳни калонсолон мондааст. Ҳоло пажӯҳандагон вазифадоранд, ки ба таври муқоисавӣ омӯхтани матнҳои фоклорӣ, ҳаёти этнографии ин ду халқи бо ҳамдигар аз замонҳои қадим дӯстро ба таври ҷиддӣ оғоз намоянд. Ба далелҳои илмӣ, бо таълифи намудани рисолаҳои илмӣ, дар асоси матнҳои фолклорию этнографии муштарак, ҳамбастагии ин ду халқи бародарро бештар нишон бидиҳанд.
Дар таърихи адабиёти ин ду миллат дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ беназир аст. Муҳаббат ва ҳамбастагии қавии ин ду миллат ба онҳо сахт вобаста аст. Маҳз аз онҳо бояд ибрат гирифт. Мероси адабии муштарки то ба мо расидаи адабии онҳоро фақат барои меҳру муҳаббат ва садоқату рафоқати миллатҳо таблиғ бояд кард. Аз осори онҳо ба мисли занбӯри асал шарбати аслиро ҷудо карда ба мардум пешкаш бояд намуд. Ба ин восита кори Ҷомӣ ва Навоиро идома бояд дод.
Аз поягузорони дӯстони содиқи адабиёти тоҷику ӯзбек – Ҷомӣ ва Навоӣ шурӯъ намуда, то адибони замони Шӯравии ин ду миллат рафоқат, муносибат ва пайвандҳои нек дида мешавад. Инро аз осори Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Ғафур Ғулом, Ҷалол Икромӣ, Шароф Рашидов ва даҳҳо дигарон метавон пай бурд. Имрӯз адабиётшиносонро зарур аст, ки нуктаҳои муҳими ҳамбасатагии ин ду миллатро аз осори онон пайдо карда, пажӯҳиш намоянд. То ба ин васила дӯстии воқеии ин ду миллатро бештар нишон бидиҳанд.
Мардуми шарифи ҳар ду халқ ҳамеша дар тӯли таърих бо якдигар меҳрубонона зиндагӣ мекунанд. Инак, чи нек аст, ки сарварони некандеш барои беҳтару хубтар зистани ин ду халқи фарҳангпавар, шароити муносибро, дар ҳар ду кишвар муҳайё сохтанд ва умед аст, ки бо ташрифи Сарвари олимақоми Ӯзбекистон ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам густариш меёбанду дарахти дӯстӣ мустаҳкамтар мегардад.
Т. Иҳромов