Имрўзҳо дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” мегузарад. Дар мусобиқаи мазкур устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок доранд.
23-юми июн бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ иштирокчиёни мусобиқа-устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз ҷойҳои таърихӣ дидан карданд. Иштирокчиёни мусобиқа, ки беш аз 50 нафарро ташкил мекарданд, бо роҳбаладии устодти факултети химияи ДМТ Раҳматулло Каримов аз Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ боздид ва дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ, инчунин, Боғи ба номи устод А. Рӯдакӣ сайёҳат намуданд.
Бояд гуфт, ки ба хотири мустаҳкам намудани риштаи дӯстии устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ чунин сайёҳати хотирмон ташкил карда шуд.