ИФТИХОРНОМА МУБОРАК!

1616

Имрӯз (03.09.2021) дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳошияи ин маҷлис барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба халқ, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши маърифату фарҳанг ва ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар баробари намояндагони сохторҳои гуногуни ҲХДТ зумрае аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Раиси Кумитаи Иҷроияи Ибтидоии “Дониш”, ҳамзамон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо «Ифтихорнома»-и ҲХДТ сарфароз гардиданд.

Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ ректори донишгоҳ, муҳтарам Хушвахтзода Қ.Х.-ро барои сарфароз гардиданаш бо «Ифтихорнома»-и ҲХДТ самимона табрик намуда, дар корҳои минбаъдааш комёбиҳо таманно доранд.