ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОН

386

Санаи 27.09.2021 дар толори Кохи Суруш бо дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Қайд бояд намуд, ки Фестивали мазкур таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» аз 22 то 27 сентябр ҷараён гирифт.

 Ҳамин тавр, дар байни 16 дастаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 7 муассисаҳои миёнаи касбӣ дар намуди шоҳмот миёни мардон ҷойҳои аввалро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва зинаи сеюмро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ишғол намуданд. Дар байни дастаҳои бонувони шоҳмотбоз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи якум, Коллеҷи техникии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Коллеҷи тибии иҷтимоии шаҳри Душанбе зинаи сеюмро соҳиб шуданд.

Инҷунин, ғолибон дар байни ҳамаи дастаҳои иштирокчии мусобиқаҳои варзишӣ – Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов – мақоми якумро бо гирифтани 6 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зинаи дуюмро бо 2 медали тилло, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра, 2 медали биринҷӣ ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо гирифтани 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ зинаи сеюмро касб намуданд.