БОНУИ ИХТИРОЪКОРИ ДОНИШГОҲ

608

Муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Малика Ҳалимовна бо дастгирӣ ва роҳбаладии декани факултети мазкур, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мӯсозода Сафол дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуда, ба комёбии чашмгире ноил шуд. Ӯ дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ ихтирооташро дар мавриди «Маҷмуагиёҳҳои зидди диабетӣ» пешниҳод кард ва барои ихтирооташ сазовори медали нуқра гардид. Ихтирооти ин бонуи донишманд дар ҷодаи илми фарматсевтӣ як ихтирооти тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи дорусозӣ мебошад.

Дирӯз (28.09.2021) дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷоизаи байналмилалиро ба муаллима М. Раҳимова Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин супурд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ санаи 12 то 14-уми августи соли ҷорӣ тариқи маҷозӣ баргузор гардида, дар он ихтироъкорон аз 17 кишвари аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд. Ҷоизаи байналмилалӣ муборак, муаллимаи азиз!