ПАЙВАСТАҲОИ КОМПЛЕКСӢ ВА ҶАНБАҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ ОНҲО

703

Бо чунин унвон имрӯз (20.10.2021) бо ташаббуси Институти илмӣ-таҳқиқотӣ ва факултети химияи Донишгоҳи миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.

Дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. аз ҷараёни корҳои Озмоишгоҳи илмии “Тавлиф ва озмоиши пайвастаҳои координатсионӣ”-и Институти илмӣ- таҳқиқотии донишгоҳ, ки бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ моҳи ноябри соли 2015 ба номи узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои химия, профессори зиндаёд Аминҷонов Азимҷон Олимович гузошта шудааст, боздид намуданд.

Баъдан дар маҷлисгоҳи калони факултет бахши ифтитоҳии ҳамоиш баргузор гардид. Дар нишаст таъкид шуд, ки чорабинии мазкур ба 70-умин солгарди гиромидошти хотираи узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои химия, профессори зиндаёд Аминҷонов А. О. рост омадааст.

Зимнан гуфта шуд, ки саҳми профессор Аминҷонов А.О. дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва рушди илми ватанӣ беназир аст. Тӯли 19 соли дар вазифаи муовини ректор оид ба илми донишгоҳ буданаш дар рушди донишгоҳ корҳои нодире анҷом дода, дар давраи фаъолият 4 нафарро ба дараҷаи докторӣ ва наздик ба 20 нафарро ба дараҷаи номзадӣ расонидаанд.

Ҳамин тавр, дар робита ба мавзӯи нишаст – «Пайвастаҳои комплексӣ ва ҷанбаҳои истифодабарии онҳо» аз дохил ва хориҷи кишвар беш аз 50 маърӯза пешниҳод шуда, дар нақша аст, ки маърӯзаҳо давоми ду рӯз баррасӣ мешаванд.