Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста дар самти таҷрибаомӯзии мутахассисон чораҳои зарурӣ андешида, миёни муассисаҳои таълимию ташкилотҳои ҷамъиятӣ созишномаи нави ҳамкориро ба имзо мерасонад. Дар доираи чунин созишнома барои ҷалби мутахассисон ба ҷойи кор ва таҷрибаомӯзии онҳо вохӯриҳои судмандро ташкил карда менамояд. Чанде қабл чунин вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ доир гардид.
Имрӯз (28.10.2021) роҳбарияти ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х.-ро барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ҳамкориҳои судманд бо «Раҳматнома» сарфароз гардонид. «Раҳматнома» аз ҷониби масъулини ҶСП «Индиго Тоҷикистон» ба муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. супорида шуд. Зимни мулоқот Абдулмуминзода Н.А. афзуд, ки роҳбарияти донишгоҳ дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисон тадбирҳои муҳим андешида, омодааст, ки дар ҳама самтҳо бо муассисаву ширкатҳои истеҳсолӣ фаъолиятро густариш бахшад.