ИҚТИСОДДОНОНИ КАСБӢ – ТАЛАБОТИ ҶОМЕАИ МУОСИР

571

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд.

1. Истифодаи технологияи информатсионӣ дар ҷараёни таълим.

2. Ба донишҷӯён шинос намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои вобаста ба молияву муҳосибот.

3. Ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар робита ба нақшаи таълимӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он.

4. Таҷдиди назар намудан ба саволномаи тестӣ, барномаи таҷрибаомӯзӣ ва дастурҳои таълимӣ.

5. Назорати ҷиддии рисолаҳои хатм. 6. Назорати ҷиддии давомоти донишҷӯён.

7. Пайваста гузаронидани семинару маҳфилҳои илмию тарбиявӣ.

8. Рушд бахшидани самти равобити байналмилалии факултет.

9. Ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ.

10. Дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии факултет.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ дар омода намудани мутахассисони мухталифи соҳаи иқтисод саҳми назаррас гузошта, дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон вазифаи муҳимми коллективи факултет мебошад.