ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1689

24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ин иди нисбатан ҷавон аст – он ҳамагӣ ҳамчун ҷашн 12 сол ва ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ 29 сол дорад. Парчам ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллӣ буд. Дар лахзаҳои душвор муҳофизони Ватан дар зери парчам бархоста, ба он савганд ёд мекарданд. Дар замони ғалабаҳо парчам бардошта мешуд, аз корнамоиҳои халқи худ, мамлакати худ фахр мекарданд. Таҳқир ба парчам ҳамеша таҳқир ба шаъни давлату миллат дониста мешуд.

Дар Паёми телевизионӣ ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки: «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Худи калимаи парчам вожаи суғдӣ («parčam») аст, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажгов»-ро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд. Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд. Парчамро бо вожаҳои дирафш, алам, байрақ, ливо, роят ифода менамуданд. Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ариёҳо дар «Авесто» омадааст. Дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст. Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст.

Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин нуктаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ тасвир кардааст.

Баъдан парчами Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ (ب خ ش ج), яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд. Парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки аслан аз парчами ИҶШС гирифта шуда буданд.

Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуда, парчамаш 23-юми феврали 1929 пазируфта шуд. Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Конститутсия парчами он низ дигар шуд ва ин он 25-уми феврали соли 1931 қабул гардид. 4-уми июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд. Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1953 то 24-ноябри соли 1992 мавриди истифода қарор дода шуда, порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд, ки банди 18-уми ин санад нахустин манбаи ҳуқуқии рамзҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчам дар қатори нишон ва суруди миллӣ рамзи истиқлолият ва муқаддасу дахлнопазир эътироф гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ 2 марти соли 1992 ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.

Санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад. Яъне заминаи таърихию ҳуқуқии ин ҷашн 24-уми ноябри соли 1992 – Иҷлосияи 16 Шӯрои олӣ мебошад, ки дар он вақт парчам қабулу расман тасдиқ карда шудааст.

Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.

Дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24-уми ноябри соли 2020 такид намуданд, ки: “Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”.

 6 ноябри соли 1994 Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и он Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб шуд.

Санади минбаъдаи муқаррарнамояндаи ҳолати истифодаи Парчами давлатӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, онро рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намудааст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007, № 254 Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар асоси моддаҳои 5-6, боби 2-и Қонуни мазкур тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Дар асоси Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 659 тасдиқ шудааст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз андозаи он ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.

Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, №499 “Дар бораи тасдиқ намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгиршуда кашида шудааст: рахи болоӣ сурх ва рахи поёнӣ сабзи паҳнои баробар, мобайн рахи сафеди як ва як нисфи паҳнои рахҳои ранга. Тоҷи услубӣ ва нимдоираи ҳафт ситора дар болои он дар рахи сафед дар масофаи нисфи дарозии панел аз асо бо тилло тасвир шудааст. Таносуби паҳнои умумии парчам ба дарозии он 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳо дар шакли росткунҷае навишта шудаанд, ки паҳлӯҳои онҳо 0,8 амудӣ ва 1,0 уфуқӣ аз паҳнои рахи сафед мебошанд. Ситорахои панҷгуша ба доирае, ки диаметраш 0,15 аст ва дар кад-кади камон бо радиусаш 0,5 бари рахи сафед чойгир шудаанд. Тоҷе, ки бараш 0,55 маротиба паҳнои рахи сафед дорад, аз поя дар камон бо радиусаш 1,2 маротиба аз паҳнои рахи сафед хам мешавад. Дар марказ чор унсури камондор, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, бо як қисми доира бо диаметри 0,2 паҳнои рахи сафед тоҷ карда шудаанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат 19 ноябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” (3 ноябри соли 1995 № 98) қабул карда шуд. Яъне дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди корӣ ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам санаи 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, иброз намуданд, ки: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Бо ташаббуси Пешвои миллат 9-уми сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) дар шаҳри Душанбе бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Пас ин санаи таърихӣ бунёди майдонҳои Парчам дар шаҳру ноҳияиҳои кишвар ҳамчун иқдоми арҷгузорӣ ба ин рамзи давлат оғоз гардид.

Дар ин асно зикр намудан зарур аст, ки ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан зарур аст, зеро рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд мояи ифтихор бошад.

Дар асоси моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Маслан дар асоси моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумшурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят,- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ (аз 120 то 300 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист (аз 600 то 1200 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ (аз 1200 то 1800 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Тибқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 30000 сомонӣ) ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

Албатта, қонунгузорӣ зуҳуроти шадиди беэҳтиромӣ ба рамзҳои давлатиро маҳдуд мекунад. Эҳтиром ба рамзҳои давлатии кишваре, ки дар он зиндагӣ мекунем, албатта бевосита аз ифтихор аз муваффақиятҳои (дохилӣ ва хориҷӣ) Тоҷикистон ва аз дастовардҳои ҳамватанони мо вобаста аст. Имрӯз мо шаҳрвандони кишвар бояд Парчами давлатро ҳамчун нахустин нишони муқаддаси давлат, сулҳу субот қадр намоем. Чунки он рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои ин сарзамин аст. Парчам ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Парчами давлат нишон аз Коваи оҳангар аст,

Ҳар нишоне, ки дар он бинӣ, бароям гавҳар аст.

Рангҳояш баҳри миллат рангҳои хуррамӣ,

Ранги сурх ин ҷонисорӣ, аз барои кишвар аст,

Дар сафедияш аён аст бахту иқболи сафед,

Тозаю озода қалбаш ҳамчу шири модар аст.

Хушрӯзӣ, сарбаландӣ, сарфарозии диёр,

Ранги сабзаш рамзи ободии ин баҳру бар аст.

Тоҷу ҳафт ахтар нишони мо зи тарихи куҳан,

Байни парчамҳои дигар аз ҳама болотар аст.

Дониёро, ин ливои дур(р)фишонро қадр кун.

Эҳтироми рамзи давлат эҳтироми кишвар аст.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор