ИМКОНИЯТИ ХУБ БАРОИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ҲУНАРМАНД

520

Тавре иттилоъ дода будем бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар хобгоҳи №6-и донишгоҳ барои донишҷӯдухтарон Маркази таълимии дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. Дирӯз бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М., директори Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» Шаҳло Ватанова, намояндаи Шӯрои ҳамкории рушди фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Банг Джинкёнг, роҳбари бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ Авзалов А., раиси шӯрои бонувони донишгоҳ Маҷидзода Д. зумрае аз донишҷӯдухтарони донишгоҳ, ки давоми се моҳ ба курси дӯзандагӣ ҷалб гардида буданд, соҳиби «Шаҳодатнома» гардиданд.

 Директори корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» Шаҳло Ватанова зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо корхонаҳои дузандагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳои истеҳсолӣ пешниҳодҳои мушаххас намуд. Гуфта шуд, ки маркази таълимии дӯзандагӣ барои таълими духтарон муҳим буда, имконияти хуб барои касбомӯзиии донишҷӯдухтарон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки курсҳои дӯзандагӣ дар марказ идома дошта, барои касбомӯзӣ шароити хуб муҳайё шудааст.