БОЗДИДИ САФИРИ ПОКИСТОН АЗ ДОНИШГОҲ

601

Имрӯз (14.01.2022) дар доираи ҳамкориҳо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, ҳамроҳи ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуд.

Баъд аз боздид меҳмони олиқадр бо ректори донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки мақсад аз вохӯрии навбатӣ густариш додани ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мебошад. Ҷаноби Имран Ҳайдар аз ҳамкорӣ бо ДМТ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки сафорат омодааст, ки дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти илмию таълимии Покистон бо Донишгоҳи миллӣ кумак намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати қабули олимони варзидаи донишгоҳҳои бузурги Покистон баҳри донишомӯзии донишҷӯён ва мубодилаи таҷриба бо устодон изҳор доштанд.