Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўёни донишгоҳ шароити хуби кориро фароҳам оварда, барои беҳтар гардонидани вазъи таҷрибаомўзии донишҷўён пайваста корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Имрўз (25.01.2022) таҳти роҳбарии сардори раёсати таълим Қосимзода С. ва мудири шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва рушди касбият Ҷ. Абдуллоев дар толори шурои методӣ вохўрии бахши таълим бо устодони кафедраҳое, ки ба равияи таҷрибаомӯзии омўзгорӣ ( аз ҷумла кафедраҳои физикаи умумӣ, астрономия, биология, филология, филологияи рус, таърих, психология) машғуланд, баргузор гардид.
Мақсад аз баргузор намудани чунин вохўрӣ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани раванди таҷрибаомўзии омўзгорӣ ва назорати доимии донишҷўёни таҷрибаомӯз мебошад.