Имрӯз (02.03.2022) дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Донишгоҳи миллӣ бо ҶСП Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» вохӯрӣ намуданд. Вохӯрӣ дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” эълон гардидани солҳои 2020-2040 ва дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъ гардонидани имкониятҳо (ба кор таъминкунӣ)-и хатмкунандагон» бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият доир шуд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»: М.Ҳасанова – мутахассис оид ба робита ба донишгоҳҳо, М.Воҳидова – мутахассиси тиҷорат дар филиали Душанбе, Ф.Пулатова – мутахассиси пешбар оид ба қабули кор аз донишгоҳ муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А., сардори раёсати таълим Қосимзода С.С., мудири Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ.Абдуллоев иштирок намуда, дар робита ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзӣ табодули афкор намуданд.
Баъдан намояндагони «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо донишҷӯёни факултетҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ вохӯрӣ намуда, дар самти ҷалби ҷавонон ба ҷойи кор суҳбатҳои судманд гузарониданд. Зимнан таъкид доштанд, ки ба донишҷӯёни фаъол роҳбарияти «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» стипендия муқаррар намудааст ва аз натиҷаи нимсолаи ҷорӣ донишҷӯёни хубу аълохон стипендия дода мешавад. Инчунин, дар идома миёни донишҷӯён саволу ҷавоб гузаронида, ба донишҷӯёни фаъол имкониятҳо барои ҷойи кор дода шуд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар доираи ҳамкориҳои муштарак пас аз суҳбату санҷишҳо 27 нафар хатмкардаи донишгоҳ ба ҶСП Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба ҷойи кор ҷалб гардида, дар филиалҳои он фаъолият доранд.