БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

486

Субҳи 10-уми марти соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода дар якҷоягӣ бо сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар “Шаҳраки донишҷӯён” дидан намуд.

Нахуст, муовини вазир Л. Абдулхолиқзода аз факултетҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносии муассисаи таълимии мазкур дидан намуда, бо донишҷӯёну омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Ҳамзамон, Л. Абдулхолиқзода-муовини вазири маориф ва илм аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал овард.

Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода муовини вазирро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзуи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин, аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.Сипас, муовини вазир бо иштироки ректору муовинони ректор ва деканони факултетҳо ҷаласаи корӣ доир намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, инчунин, таҷдиди назар намудани фаъолияти маркази тестии назди донишгоҳ, назорати давомоти донишҷӯён, дуруст ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таъминот бо адабиёти таълимӣ ва таҳияи китобҳои дарсии тахассусӣ аз ҷониби омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар муассиса ва ҷомеа ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.