БАРРАСИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ ДАР СЕМИНАР

396

Имрӯз (16.03.2022) дар Донишгоҳи миллӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар семинар директори китобхонаи патентию техникии Муассиса  Тоҳир Холиқов, намояндаи Муассиса Соатулло Шарифов,  муовини сардори раёсати иттиллооти илмӣ-техникии Муассиса Қиёмиддин Миралиев ва мудири кафедраи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнии Муассисаи мазкур Луъбат Шарифова дар мавзӯиҳои гуногун, аз ҷумла асосҳои моликияти зеҳнӣ, ҳифзи ҳуқуқи объектҳои моликияти саноатӣ: ихтироъ, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва моҳияти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ суханронӣ намуданд.

Тавре ба мо сармутахассиси корҳои патентии назди Раёсати илми донишгоҳ Р. Партоева иттилоъ дод, мақсад аз баргузории чунин нишастҳо ҷалби устодону донишҷӯён ба корҳои илмию эҷодӣ ва дарёфт намудани мутахассисони ихтироъкор дар самтҳои мухталифи илм мебошад.