Имрӯз ҳайати омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи тиббию риёзии Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А. бо ҳамроҳии чанде аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони омоданамудаи толибилмони литсей боздид намуда, ба омодагии омӯзгорону хонандагон баҳои баланд доданд.
Сипас директори литсей Ғаффорзода Ш. ҳайати меҳмонон ва омӯзгорону толибилмонро ба ҷашни Наврӯзи Аҷам табрик намуда, бо иштироки меҳмонон ба ғолибон ифтихорномаҳо супориданд.
Дар чорабинии фарҳангию фароғатӣ ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангинеро пешкаши ҳозирин намуданд.