ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ МАҚОЛАИ “БЕҲТАРИН МАТОЛИБИ РӮЗНОМАНИГОРӢ ДАР БОРАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ”

591

Раёсати Донишгоҳи миллӣ дар ҳошияи пешниҳоди ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни баргузории нишасти матбуотӣ, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи талаботи “Дастури тавсиявӣ барои ҷашнгирии идҳои таърихии миллии тоҷикон: Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон” тасмим гирифт, ки озмуни “Беҳтарин матолиби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашни Наврӯз”-ро ба роҳ монанд. Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 26.02.2022 №43.09 мутасаддиён муайян ва озмун аз 25.02.2022 то 11.03.2022 эълон гардид. Дар ин давра беш аз 20 мақола ба суроғаи донишгоҳ пешниҳод шуд, ки зимни таҳлилҳои мутасаддиён иштирокчиёни зерин ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҷойи аввал:

Равшан Раҳмонӣ – сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, “Пайванд”;

Ҷойи дувум:

Фарҳод Сафарзода – унвонҷӯи факултети журналистикаи ДМТ, ҳамзамон, сармуҳаррири барномаи «Субҳи Тоҷикистон»–и «Телевизиони Тоҷикистон».

Ҷойи севум ду нафар:

Ҳасанов Меҳрубон Зокирович – директори барномаҳои радиои “Парвин”, Вилояти Суғд;

Шаҳодат Давлатова – рӯзноманигор, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ки матолиби навиштаи ғолибон дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар сомона (www.tnu.tj) ва нашрияи донишгоҳ, инчунин, шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ҷой дода шуданд.