Имрӯз (09.06.2022) баъди ба истифода додани бинои хобгоҳи хизматӣ барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон: муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Содиқӣ Насиба Нуруллозода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ва намояндагону масъулони сохторҳои марбутаи донишгоҳ бо роҳнамоии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, бинои навбунёди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар остонаи ҳамин бинои хуштарҳу замонавӣ майдончаи варзишӣ ва дар саҳни бинои мазкур амфитеатр сохта ба истифода дода шуд.
Дар оғоз меҳмонон аз майдончаи варзишӣ, ки барои намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, баскетбол, теннис сохта шудааст ва аз амфитеатри назди бино боздид намуданд. Дар назди иншоотҳо меҳмононро хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии назди донишгоҳ бо қироати порчаҳои шеърӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ва ректори Донишгоҳи миллӣ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бо ҳамроҳии меҳмонон вориди бинои навсохт шуданд. Шиносоӣ ва боздиди меҳмонон аз Осорхонаи бино (таърихи фаъолияти донишкада), Синфхонаи фарҳангӣ (муаррифии фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон), Китобхона (китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ), Синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳи донишкадаи мазкур оғоз ёфт.
Баъдан дар толори Амфитеатр бо иштироки меҳмонон бахшида ба ифтитоҳи бинои мазкур чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ зимни суханрони ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки “Иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон албатта тавассути рушду такомули ҳамкориҳои мутақобилан судманди фарҳангию дӯстона бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯи кор омадааст, ки ин ифтитоҳи бинои хуштарҳи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 бо ташаббус ва дастгирии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфта, тули фаъолияти худ ба рушди босуръат ва натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”.
Зимнан гуфта шуд, ки Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои хориҷии Чин ҳамеша дар самти равобити дӯстона ва ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар рушди донишкадаи мазкур нақши муҳим дорад. Зиёда аз 120 омӯзгор ва волонтёр бо маводи гуногуни таълимӣ, воситаҳои техникӣ ба донишкада барои тадриси забон ва фарҳанги чинӣ фиристода шуданд. То моҳи майи соли 2022 зиёда аз 600 бурсия барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷудо гардидааст, ки саҳми Дафтари Марказии Конфутсий назаррас мебошад.
Дар идома таъкид шуд, ки санаи 13 январи соли 2009 байни Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Созишнома дар бораи татбиқи муштараки бунёди Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” ба имзо расида, моҳи феврали соли 2009 Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ расман ба фаъолият оғоз намуд.
Гуфта шуд, ки донишкада се маротиба дар ҷаҳон унвони «Донишкадаи Конфутсийи намунавӣ»-ро ба даст овардааст. Моҳи декабри соли 2017 Ван Хуиджуан – омӯзгори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар миёни 46 200 нафар омӯзгори забони чинӣ ва хориҷӣ дар саросари ҷаҳон ба унвони “Омӯзгори беҳтарини Институти Конфутсий” сарфароз гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода сухани табрикотӣ намуда, иброз дошт, ки “робитаҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таърихи тӯлонӣ дошта, бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ва раҳондозӣ гардидани сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ ин равобити ҳасана дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таъкид карда буданд: “Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсояи наздик, дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон аст. Таҳкиму густариши равобити дӯстона бо он аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо буд, ҳаст ва дар оянда ҳам боқӣ хоҳад монд””.
Мавсуф дар идомаи суханронӣ таъкид дошт, ки дар ҳама суҳбату мулоқотҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин масъалаи рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маорифи кишвар, аз ҷумла таҳкими табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, таъсиси бурсияҳои таҳсилӣ барои муҳассилини тоҷик аз рӯи ихтисосҳое, ки иқтисодиёти кишвар ба онҳо ниёз дорад, сохтмони муассисаҳои таълимӣ тавассути маблағгузории ҷониби чинӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
“Натиҷаи ин ҳамкории судмандро мо дар таъсиси Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бараъло ҳис мекунем. Зимни нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, бо иштироки сарони ҳарду давлат, ки моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ доир ба таъсис додани Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ба имзо расида, аз ҳамон рӯз Институти мазкур дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Институти Конфутсий аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолии тамоми кишварҳои олам ба омӯзиши забони чинӣ, таҳким бахшидани табодул, тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо дигар давлатҳо таъсис дода шудааст. Самти асосии фаъолияти Институти Конфутсийро табодул ва ҳамкориҳои муташаккилона дар соҳаи илму маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои хориҷ ташкил медиҳад” – афзуд Сатториён М. А..
Сипас сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд. Мавсуф ба истифода дондани бинои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимию фарҳангиро туҳфаи арзанда ба омӯзандагони забони чинӣ донист.
Гуфта шуд, ки натиҷаи заҳмати дафтари марказии Институти Конфутсий ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки бинои мазкур сохта шуд ва он дорои тамоми шароити таҳсил буда, ба муҳассилини Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад ба омӯзиши забон ва фарҳангу маданияти чинӣ машғул шаванд.
Ёдовар мешавем, ки бинои навсохти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ду ошёна иборат буда, масоҳати зиёда аз 1800 метри мураббаъро дар бар мегирад, ки инфрасохтори хуб ва мукаммалро барои таълим фароҳам овардааст. Бино дорои синфхонаҳои таълимии замонавии бо доскаҳои электронӣ муҷҷаҳаз, толорҳои конфронсӣ, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи мусиқӣ, толорҳои фарҳангӣ, китобхона, бойгонӣ, осорхона, аудиторияҳои бисёрфунксионалӣ, толори рақс ва варзиши намуди ушу, ошхона ва ғайра мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ба ҷониби намояндагони донишгоҳ ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба намояндагони Чин сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим намуданд.
Баъд аз суханрониҳо барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз» ва мутрибони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий пешниҳоти ҳозирин гардонида шуд.