Ҷанги беш аз чилсолаи Афғонистон, бархӯрди миллатҳою қавмҳои сокини он ва дахолати хориҷиён кишвари ҳамсояро ба харобазор ва майдони кашмакашҳои тӯлонӣ табдил дод. Дар ҳалли ин қазия ба мардуми афғонистон ваҳдат намерасад, зеро нотифоқии онҳоро бегонагон ба манфиати худ суиистифода менамоянд.
Зимнан, иддае аз рӯзноманигорону коршиносон ва чеҳраҳои шинохтаи афғонистон сулҳу оромии Тоҷикистонро васф намуда, орзуи чун Тоҷикистон обод гаштани ватанашонро менамоянд. Вале ин ҳама ободӣ ва хуррамии Тоҷикистон осон ба даст наомадааст. Садҳо ҷон дар ин роҳ қурбон шудаву заҳматҳои зиёде кашида шудааст. Дар саргаҳи ин ободкорӣ ва сулҳу амонии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз талошҳои бевоситаи Сарвари давлат боис гардид, ки оташи ҷанг хомӯш гардад, гурезаҳо ба ватан баргарданд, тоҷикон ба сулҳ бирасанд ва Ватанро аз гирдоби ҳалокат наҷот диҳанд.
Аз он замон 25 сол гузашт ва халқи тоҷик исбот намуд, ки ваҳдати онҳо забонӣ нест, балки боз ҳам бештар равнақ меёбад. Сохтмони роҳҳою пулҳо ва нақбҳои нақлиётгузар на танҳо манотиқи ҷумҳуриро ба таври доимӣ пайванд дод, балки дилҳои сокинони мамлакатро ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар намуд. Рафтуомади сокинони кишвар осон гардида, дӯстӣ миёни онҳо равнақ ёфт ва дар солҳои охир раванди оиладоршавии ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бештар шуд. Агар аз як ҷониб, чунин ҳолат ба солимии миллат мусоидат намуда, аз никоҳи хешутаборӣ дар ҷомеа пешгирӣ намояд, аз ҷониби дигар, пайванди минтақаҳо вусъати тоза медиҳад, ки онро метавон пайванди ҷонӣ ном бурд. Ин равандро барои беҳтар намудани вазъи демографии кишвар низ истифода бурдан мумкин аст. Масалан, ба ноҳияҳои дар соҳаи кишоварзӣ рушднаёфта, аз ноҳияҳое, ки дар истифодаи замини кишоварзӣ таҷрибаи хуб доранд, арӯс овардан ва аз таҷрибаи хешовандони нав истифода кардан, хеле самарабахш аст.
Дар замони шӯравӣ таҷрибаи фиристодани мутахассисони ҷавон ба шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дошт, ки эҳёи он ба таҳкими ваҳдати миллӣ низ мусоидат менамояд.Дар замоне ки душманони миллат ҳанӯз ҳам дар фикри барангехтани низоъ ҳастанд, бояд навхонадорони намояндаи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёбанд.
Тавре маълум аст, имконият ва тавоноии рушди ҳама соҳаҳои ҳаёт дар кулли кишварҳои олам яксон нест. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, неруи зеҳнӣ, қувваи корӣ, имкониятҳои молиявӣ, мавҷуд будани зербино ва дигар омилҳои тавонбахш ин ё он соҳа дар як гӯша нисбат ба гӯшаи дигар бештар рушд менамояд. Чунин раванд барои Тоҷикистон низ истисно нест. Масалан, беморон аз дигар манотиқи Тоҷикистон дар баробари муроҷиат ба шифохонаҳои шаҳри Душанбе ба шифохонаҳои шаҳри Турсунзода низ муроҷиат менамоянд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки табибон эътимоди беморонро ба даст овардаанд ва дар ҷумҳурӣ шуҳратманд гардиданд.
Дар бахши табобати санаторӣ ва ташкили фароғатгоҳҳо вилояти Суғд дар ҷумҳурӣ пешсаф аст ва инро наметавон инкор намуд, зеро хизматрасонӣ ба мизоҷон ва маданияти хуби меҳмоннавозии мардуми вилоят аз ҷониби сайёҳони хориҷию ватанӣ сазовори баҳои баланд гардидааст. Аз ин ҷост, ки барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сайёҳон дар дигар гӯшаҳои ҷумҳурӣ аз хидмати мутахассисони вилояти мазкур ва таҷрибаи онҳо васеъ истифода мегардад. Вилояти Хатлон яке аз манбаъҳои асосии барқи ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва бо истифода додани хатҳои баландшиддати барқ миёни шимол ва ҷануби кишвар на танҳо ба пайвастшавии шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ мусоидат намуд, балки ба амнияти энергетикии кишвар заминаи муҳим гузошт. НБО «Роғун» дар баробари суди иқтисодӣ доштан аҳамияти вижае дар муттаҳидсозии миллат низ дорад, зеро маҳз оғози ин сохтмон ҳазорҳо тоҷикро аз гӯшаҳои кишвар гирди ҳам овард ва онҳо паҳлу ба паҳлуи ҳам истода, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, афсонаи Роғунро ба ҳақиқат табдил доданд.Дар бахши сайёҳӣ Бадахшон шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон гардидааст. Ҳамоҳангсозии хатсайрҳои сайёҳӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳамбастагии манотиқи гуногуни ҷумҳуриро тақвият дода, иқдоми нек дар рушди сайёҳӣ, муаррифии ҷумҳурӣ ва муҳимтар аз ин имконияти хуб дар иттиҳоди кишвар аст.
Ташкили донишгоҳу донишкадаҳои нав дар шаҳру вилоятҳо ва ба роҳ мондани низоми ягонаи қабул ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ низ ба раванди ҳамгироӣ дар ҷомеаи таъсири мусбат расонид. Дар натиҷа, теъдоди донишҷӯён аз дигар гӯшаҳои кишвар дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳои минтақавӣ афзоиш ёфта, дӯстӣ миёни ҷавонон равнақ ёфт. Хулоса, ҳамбастагӣ омили пойдориву пешрафти ҷумҳурӣ буда, тараққиёти соҳаҳои гуногун дар кишвар равнақи бештар мегирад.
Суҳроби МИРЗОАЛӢ,
дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ
Бознашр аз сомонаи #sadoimardum.tj