АВВАЛИН МАРОТИБА. АЗ ОЗМУНИ ДОНИШГОҲӢ ТО БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ

353

Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳамасола ба ин муносибат дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳ доир мегардад. Имсол бори аввал бо ташаббуси ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхии румӣ озмуни умумидонишгоҳии Мавлонохонӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

 Имрӯз (27.09.2022) бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии «Ҳамоиши бузургдошти Мавлоно» баргузор ва натиҷаи озмуни мазкур эълон гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Сипас ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост».

Дар идомаи ҳамоиш даъкид шуд, ки бори аввал бахшида ба бузургдошти Мавлоно дар донишгоҳ озмуни донишгоҳӣ доир гардид. Тибқи холгузории ҳакамон ғолибон муайян ва аз ҷониби ректори донишгоҳ бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Дар умум нуҳ нафар донишҷӯ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Қурбонзода А. – донишҷӯйи факултети филология ва Мадалиева Ш. – донишҷӯйи факултети журналистика ғолиби ҷойи аввал, Набизода П. ва Темирова Ф. – донишҷӯёни факултети филология ғолиби ҷойи дуюм, Қурбонзода Ш., Давлатова Р. – донишҷӯёни факултети филология, Насруллоев З. – донишҷӯйи факултети фалсафа, Манижаи Б. – донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносӣ ва Ҳусейнов И. – донишҷӯйи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, аъзои ҳакамон бо Ифтихорномаи ДМТ ва мукофотпулӣ, инчунин, иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Дар ҳамоиш қайд гардид, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.

Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои профессор М.Низомӣ «Мақоми Ҷалолуддин Балхӣ дар шинохти Абдурраҳмони Ҷомӣ» ва дотсент А.Юлдошев «Назаре ба чанд ғазали арабии Ҷалолуддини Балхии Румӣ» шунида шуд. Ҳамзамон, устоди донишгоҳ Ҳ.Раҳмон дар робита ба мавқеи осори Ҷалолуддини Балхии Румӣ дар адабиёт суханронӣ намуд. Илова бар ин, гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳ низ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат ва ҳунармандон порчаҳои назмӣ замзама карданд.