МОДЕЛСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ

567

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) имрӯз (09.02.2023) бо ибтикори Институти илмию таҳқиқотӣ назди донишгоҳ ва факултети физика дар пояи кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзӯи «Моделсозии математикӣ ва компютерии равандҳои физикӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро сардори Раёсати илм Рустам Наботӣ ифтитоҳ намуда, аҳамияти баргузории чунин як чорабинии сатҳи баландро барои тақвият бахшидани омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки барои олимону муҳақиқони ҷавон бахусус барои дӯстдорони илмҳои бунёдӣ иқдоми роҳандозинамудаи Пешвои миллат саривақтӣ мебошад.

Ҳамзамон, директори институти илмию таҳқиқотии донишгоҳ профессор Раҷабзода С. доир ба аҳамият ва дурнамои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040)” суханронӣ намуд.

Сипас доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Қосим Комилов доир ба «Таҳқиқи моделии раванди статсионарии интиқоли гармӣ дар муҳити конденсӣ», директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён оид ба «Афзалиятҳои истифодабарии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим», доктори илмҳои физикаю математика, профессор, Махсудов Барот доир ба «Таҳқиқи моделӣ равандҳои ҳарорат дар асоси наносохтори бисёрқабатаи мавҷбарҳои лазерҳои инжексионӣ» ва дотсенти кафедраи гиометрия ва математикаи олии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Ҷӯраева Гулшан оид ба «Таҳқиқоти моделиӣ раванди статсионарии ошӯби сингулярии гармигузаронӣ дар муҳити конденсӣ» марӯза намуданд.