ДАВРИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

430

Имрӯз (13.04.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ даври умумидонишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Гуфта шуд, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмуни мазкур ба роҳ монда шуд.

Зимни кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ кард. Қайд гардид, ки роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аксар истеъдодҳои ҷавонро дар самти илмҳои табиатшиносӣ муаррифӣ мекунад ва барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур Донишгоҳи миллӣ тамоми шароити зарурро муҳайё намуда, довталабон метавонанд аз озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимии донишгоҳ ба таври васе истифода намоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо бо иштироки 1332 нафар устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва докторантон баргузор гашт, ки аз ин шумора 172 нафари онҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Умед аст, ки ғолибон ба даври ноҳивию ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.