ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БОБИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

252

Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Дарси навбатиро номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҷиддин Ғуломов гузаштанд. Мавсуф, афзуд, ки китоби «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад. Дар идомаи суҳбат оид ба таърихи Сосониён ва дигар сарчашмаҳои илмию таърихӣ он маълумот пешниҳод намуд. Таъкид шуд, ки Сосониён аз муҳимтарин силсилаҳои ҳукуматгари таърихи миллии эронинажод буда, давраи қудрати он марҳилаи сарнавиштсоз дар ҳаёти минтақа ва ҷаҳон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дарси мазкур миёни роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.