БОЗНИГАРӢ БА КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

366

Дар Ганҷинаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Шаҳраки донишҷӯён ҷаласаи васеи шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо иштироки  муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. ва  муовини ректор оид ба тарбия Имомзода Н.М. баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони бахши тарбияи донишгоҳ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ, раисони Шурои кураторон, раисони Шурои занон ва духтарон ва раисони Созмони ҷавонон ширкат доштанд.

        Зимни баргузории ҷаласа Собирзода Н.М. иброз дошт, ки омодагии Шуъбаи тарбия ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, самаранокии корҳои тарбиявӣ аз ҷониби сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, чораҳои беҳтар намудани самти фаъолияти онҳо, вазъи интизоми меҳнат дар Шуъбаи тарбия ва бартараф намудани нуқсонҳои мавҷудбуда дар ин самт ҷоннок карда шавад.

        Инчунин, таъкид гардид, ки масъулин таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Имомзода Н.М. ҷиҳати беҳтар намудани  фаъолияти бахши тарбияи факултетҳо ва мақсаднок анҷом додани вазифаҳои хизматӣ аз пештара бояд бештар талош намоянд.

Таъкид шуд, ки масъулон бояд бо иродаи қавӣ фаъолият намуда, ба фаъолияти кории хеш бознигарӣ намуда, барои таъмини раванди муътадили корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён кушиши зиёд намоянд.