БОЗОРИ ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ОН

236

Бо чунин ном имрӯз (17.10.2023) бо ташаббус ва ибтикори факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Конференсияи мазкур ба сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфта, зикр гардид, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли доруи ватанӣ, афзун намудани ҳаҷму сифати маҳсулоти доруворӣ, таъмини рақобатнокии он дар бозорҳои ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ андешем.

Зимнан декани факултет, номзади илмҳои фарматсевтӣ, дотсент Раҷабзода Ф.К. сухан намуда, зикр намуд, ки конференсияи байналмилалии илмию амалӣ ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои муосири самти таҳияи маводи дорувории нав, омӯзиши бозори фарматсевтӣ, стандартизатсияи маводи доруворӣ, фаъолияти фарматсевтӣ, омӯзиши хосиятҳои фармокологии доруворӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар кори конференсия н.и.ф. мудири кафедраи фарматсевтӣ ва таксикологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ганҷина Наврӯззода доир ба «Хусусиятҳои биологии баъзе растаниҳои шифобахши оилаи шабонарӯзӣ (Solanaceae)”, докторанти кафедраи технологияи саноатии доруҳои Институти фарматсевтии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Мухайё Исмоилова доир ба “Таҳлили санҷиши обшавии таблеткаҳои тавсияшудаи «Симверин», муаллими калони кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТ Самариддини Ҷурахон доир ба “Таҳияи шакли сахти доруворӣ дар асоси экстракти хушки растании чойкаҳаки шахшуле, ки дар Тоҷикистон меруяд”, ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакологияи ДМТ Раҳмоил Мусоев доир ба “Таҳлили безарари биологии мармараки мускатие, ки дар Тоҷикистон меруяд” ва дигар олимони соҳаи фарматсевти аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Украина тариқи маҷозӣ марӯза намуданд.

Дар охир таъкид гардид, ки истеҳсоли ватании маводи доруворӣ имрӯз дар бозори фарматсевтӣ 12-14%-ро ташкил менамояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳарчи бештар истеҳсоли маводи дорувориро бо ҷалби олимони ватанӣ зиёд ба роҳ монем.

Ашуралиева Шахзода