РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

151

Дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои гузариш ба системаи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо” конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар нишаст намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Таъкид шуд, ки Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилотҳо ва оилаҳо низ бениҳоят муҳим мебошад. Яке аз марҳилаҳои муосир ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки доир ба он дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр шудааст: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.

Давлати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хиратмандонаи Пешвои муаззами миллат рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, аз ҷумла, роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст.

Барои он ки иқтисоди рақамӣ ба манфиати умум хизмат намояд, он бояд ҳамаҷониба дар ҳамаи самтҳо истифода бурда шавад.

Технологияҳои нав, махсусан зеҳни сунъӣ ногузир бо тағйироти назаррас дар бозори меҳнат, аз ҷумла ихтисори ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар дигарон дар миқёси давлат, робитаи ногусастанӣ доранд.

Сипас аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои гуногун,аз қабили таърихи ташаккулёбии кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ, масоили танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар моделсозии иқтисодӣ маърӯза намуданд.

Декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ Абдулмуминзода Н.А. зимнани нишаст афзуд, ки вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш, имрӯз ҷомеаи кишварро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намоем. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳо ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст.

Мақсад аз баргузор намудани чунин конференсия, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, афзоиши номгӯи молҳо ва хизматрасониҳои электронӣ мебошад.

Дар анҷоми нишаст вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои мушаххас сурат гирифт.