АЗ ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ҶАВОНОН ТО ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

209

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандони қисмҳои тарбия ва равобити байналмилалии донишгоҳ таваҷҷуҳи асосӣ, пеш аз ҳама, ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва илова бар ин омода намудани мутахассисон дар сатҳи байналмилалӣ равона карда шуд.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. тарбияи худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллатро миёни донишҷӯёни донишгоҳ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу оянда дониста, ба кормандони қисмҳои зикршуда ҷиҳати пешбарӣ намудани корҳои тарбиявӣ тавсияҳои судманд дод.

Ашуралиева Шахзода