АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

314

15 ноябри соли 2023 дар Тетари давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон соҳиби “Шоҳҷоиза”-и озмуни мазкур дар соли 2023 Шукронаи Тоҳирӣ-донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дониста шуд.

Дар маросими тантанавӣ муовини Саварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва дигар намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби кишвар иштирок намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки соли соли панҷум аст дар кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа буд. Ва имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошад.

Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз замони роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии мазкур иштироки фаъол дошта, ҳамасола дар ҳама давраҳои озмун бо ба даст овардани шумораи зиёди ҷойҳои ифтихорӣ дар кишвар рақами 1 дониста мешуд. Имсол низ устодону кормандон ва донишҷуёни донишгоҳ бо тайёрии хуб дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза ва 11 ҷойи ифтихорӣ (3 – ҷойи якум, 7 – ҷойи дуюм ва 1- ҷойи сеюм) гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукронаи Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Зимни суҳбат баррандаи Шоҳҷоизаи иброз дошт, ки: “Сазовор гаридидан ба “Шоҳҷоиза” масъулияти инсонро дар назди ватану миллат дучанд мегардонад. Ман низ бо кӯшиш ва дониши худ баҳри ободии Ватани азизам хизмат мекунам. Сипос ба Сарвари давлат, Пешвои маҳбуби кишвар, ки барои такмили дониши аҳли ҷомеаи Тоҷикистон чунин озмунҳоро роҳандозӣ менамоянд”.

Дастовард муборак бошад!