Мукофотпулӣ то 35 ҳазор сомонӣ…
Имрӯз (17.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ дастаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта шуд. Қаблан ғолибон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.
Сипас дар саҳни бинои марказии донишгоҳ ғолибонро намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо садои дафу доира ва супоридани туҳфаҳои хотиравӣ қабул намуданд. Баъдан дар толори калони донишгоҳ бо ширкати устодону донишҷӯён, аз ҷумла бо иштироки доварони озмуни мазкур ва донишҷӯёни озмунҳои ҷумҳуриявию донишгоҳӣ маҳфили илмӣ -фарҳангӣ доир гардид.
Маҳфил бо қироати шеърҳо аз ҷониби ғолибони озмуни мазкур шуруъ шуд. Сипас ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳро барои Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик намуд. Зимнан таъкид намуд, ки саҳми Пешвои муаззами миллат дар самти таҳким бахшидани маънавиёти аҳолӣ назаррас аст. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд, ки “Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, таҳкими завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”.
Зимнан гуфта шуд, ки дастаи Донишгоҳи миллӣ дар соли 2020 соҳиби 11 ҷой, дар соли 2021 соҳиби 6 ҷой ва дар соли 2022 соҳиби 3 ҷойи ифтихорӣ гардида буд. Имсол дастаи ДМТ дар озмуни мазкур соҳиби Шоҳҷоиза ва 11 ҷойи ифтихорӣ гардид.
Шукрона Тоҳирӣ – донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни мазкур дар соли 2023 шуд.
Сипас тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дастаи ғолибон бо ифтихорномаи ДМТ ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ғолиби Шоҳҷоиза – Шукрона Тоҳирӣ тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз гурӯҳи шартномавии таҳсил ба гурӯҳи буҷавӣ гузаронида шуд, ки маблағи шартнома давоми курсҳои 3 ва 4-ум 35 ҳазор сомониро ташкил менамуд ва аз он озод карда шуд. Ҳамзамон, бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Дастаи ғолибони 3 ҷойи 1-ум бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолибони 7 ҷойи 2-юм бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ, ғолиби 1 ҷойи 3-юм бо маблағи 4500 сомонӣ ва ғолиби 1 ҷойи ифтихорӣ бо маблағи 2500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Тибқи дастури роҳбарияти донишгоҳ ба ғолибон китоби Пешвои муаззами миллат “Чеҳраҳои мондагор” ва Ифтихорномаи ДМТ низ тақдим гардид.
Зимни супоридани ифтихорномаю мукофотпулиҳо ғолибон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раёсати ДМТ изҳори сипос намуданд.
Маҳфил бо қироати шеърҳо ва барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ ба охир расид.