ҒОЛИБОНИ ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

204

Имрӯз (23.11.2023) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид.

Мусобиқаи мазкур бо ташабусси раёсати ДМТ ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар чорабини мазкур устодон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, барои дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷом, дипломи дараҷаи I-II-III ва медалҳо қадрдонӣ шуданд.

ҒОЛИБОН БАЙНИ УСТОДОН:

Ҷойи аввал: омӯзгори факултети журналистика – Саъдуллоев Рустам

Ҷойи дуюм: омӯзгори факултети механикаю математика – Давлатов Давлатёр.

Ҷойи сеюм: омӯзгори факултети таърих – Солеҳҷони Маҳмадюсуф.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДОНИШҶӮПИСАРОН:

Ҷойи аввал: донишҷӯи факултети муносибатҳои байналхалқӣ – Ҷаборзода Баҳодур.

Ҷойи дуюм: донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ – Оятуллои Абдуғаффор

Ҷойи сеюм: донишҷӯи факултети филологияи рус – Бобизода М.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН:

Ҷойи аввал: донишҷӯи факултети муносибатҳои байналхалқӣ – Саторова Шаҳодат.

Ҷойи дуюм: донишҷӯи факултети молиявию иқтисодӣ – Муродова Ё.

Ҷойи сеюм: донишҷӯи факултети химия – Холмуродзода Мадинамоҳ.

ҒОЛИБОН БАЙНИ ДАСТАҲО:

Ҷойи аввал: дастаи факултети механикаю математика;

Ҷойи дуюм: дастаи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ;

Ҷойи сеюм: дастаи факултети молия ва иқтисод.

Дар хотимаи чорабинӣ ба муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва дига шахсони масъул Сипосномаи КМТҶММ ҶТ супорида шуд.