БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ ТАХАССУСИ ЗАБОНИ РУСӢ

218

Дар робита ба амалишавии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақша- чорабиниҳо марбут ба амалишавии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди донишгоҳ курсҳои такмили ихтисоси тахассусии”забони русӣ” ташкил гардид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва Донишкадаи тиббии иҷтимоӣ ҷалб гардидаанд.