Маҳфили молиячиён

810

Дар ҷомеи имрӯза сатҳи бекорӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодиёт дониста шуда, моҳият, сабаб ва шаклҳои бекорӣ, мафҳуми шуғли пурра ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлкат яке аз масъалаҳои муҳимми илми иқтисодиёд ба шумор меравад. Ин мавзӯъ санаи 10-уми март дар маҳфили молиячиёни кафедраи молияи факултети молиявию иқтисодӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҳфил донишҷӯёни факултет У. Отаев, Ш. Рустамов, М. Сейфиддинова ва Г. Давлатова оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур маърӯза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили молиячиён бо роҳбарии ассистени кафедра Наврӯз Давлатов моҳе ду маротиба дар факултет гузаронида шуда, донишҷӯёни фаъол метавонанд иштрок намуда, савияи донишҳои молиявии худро баланд бардоранд.