СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

1073

Санаи 11-уми март дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар мавзӯи «Таълими фанни диншиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар нишаст муовини ректор оид ба илм С.М. Сафармамадов, мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии динии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ АИ ҶТ Мирзоев Ғ., профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат С.Ахмедов ва дотсенти кафедраи мазкур Қ. Нурулҳақов иштирок намуда, роҷеъ ба мавзӯи нишаст суханронӣ намуданд.