ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

209

Бо ҷонибдорӣ аз иқдоми навбатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани рӯзи 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ роҳандозӣ шуд ва аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид қатънома қабул гардид, бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва зерсохторҳои он як қатор чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешавад.

Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” барои соли 2024 аз ҷумлаи чорабиниҳои варзишӣ мебошад, ки он дар самти рушди соҳаи варзиш ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстии хонандагони Донишкадаи мазкур мусоидат менамояд.

Мусобиқаи мазкур бо ҷалби хонандагон-донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи мамлакат ба омӯзиши забони чинӣ машғуланд ва онҳо аз ҷониби омӯзгорони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс дода мешаванд, гузаронида шуд. Дар мусобиқа хонандагон-донишҷӯён ба ҳашт даста тақсим шуда, бозии шавқовар нишон доданд.

Дар натиҷа дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовори ҶОЙИ АВВАЛ, дастаи толибилмони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҶОЙИ ДУЮМ ва дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соҳиби ҶОЙИ СЕЮМ гардиданд.

Имрӯз (13.05.2024) дар вазъияти тантанавӣ дастаҳои ғолиб аз ҷониби муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С., мудири шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Қодирзода Д. ва роҳбарони Донишкадаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон – Имомова Н. ва аз ҷониби Чин – Лю Ҷиан Вей бо Ҷом, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.