Бо ҷонибдорӣ аз иқдоми навбатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон – эълон гардидани рӯзи 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ роҳандозӣ шуд ва аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид қатънома қабул шуд, бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ як қатор чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешавад.
Бо ин маҷсад имрӯз (24.05.2024) дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳ ҳамоиши устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Футбол – омили муҳимми ҳамгироии ҷавонони ҷаҳон» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид.
Дар ҳамоиш устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз ёфт.
Ректори Донишгоҳ ҳамагонро ҷиҳати пазируфтани иқдоми навбатии ҷониби Тоҷикистон: 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол ва тавъам омадани он дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23-юми май муборакбод гуфта, истиқболи онро аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихори миллати шарафманди тоҷик, аз ҷумла насли ҷавони тоҷик, номид.
Зикр карда шуд, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Иқдоми навбати дар рушди соҳаи варзиш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин, муттаҳид намудани ҷомеаи ҷавонони ҷаҳон мусоидат мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад”.
Гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсади хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Дар заминаи он баҳри ҷавононғ донишҷӯён дар Донишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сохта ба истифода додани Маҷмааи муосири варзишӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва синфхонаву клубҳои шашкаву шоҳмот дар Донишгоҳ аз ин қабиланд.
Таъкид шуд, ки мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз пештара бештар диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои рушди соҳаи варзиш тадбирҳои тозаеро роҳандозӣ намоем.
Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Иззатулло Маҳмудов дар мавзуи “Ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон дар рушди соҳаи варзиш”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳ Ҳоҷимаҳмад Умаров оид ба мавзуи “Футбол ҳамчун воситаи тарбияи насли ҷавон” ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳ Назирӣ Латофат Қаҳҳор дар мавзуи “Татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омода намудан варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи варзиш Ватани азизамон ба дастовардҳои назаррасу нодир ноил гашта истодааст.
Зикр шуд, ки варзиш падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Яке аз намудҳои варзиш ин футбол аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва ҳамагон онро мепазиранд.
Зминан ректори Донишгоҳ дастаи футболбозони Донишгоҳро, ки дар мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд, қадрдонӣ намуд.
Ректори Донишгоҳ дар охир ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва баргузории чорабиниҳои муҳимми варзишӣ дар Донишгоҳ қатъномаи ҳамоиши устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ироа намуд, ки тибқи он барои минбаъд дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ-маърифатӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар анҷом дастаи футболбозони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва молиявию иқтисодӣ бозии дӯстона ташкил намуда, бо ҳисоби мусовӣ бозиро анҷом доданд.
Қарори ҳаммоиши устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Футбол омили муҳимми ҳамгироии ҷавонони ҷаҳон” бахшида ба Рузи ҷаҳонии Футбол аз 24 майи соли 2024.
1. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи рӯзи 25 май эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали муттаҳид аз 7 майи соли 2024 якдилона пазируфта аз он нек ва ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд.
2. Ҷонибдорӣ ёфтани ташаббуси мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба сиёсати созандаву варзишпарварона ва бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ асос меёбад, далели возеҳи эътирофи ташаббусҳои навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбад.
3. Раёсати донишгоҳ,шӯъбаи тарбия, шӯъбаи кор бо ҷавонон, иттифоқи касабаи омузгорону донишҷуён, дигар сохторҳои таркибии донишгоҳ, садорати факултетҳо ва кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба рушду пешрафти футбол ҳамчун яке аз намудҳои асосии варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
4. Сохторҳои ишорашуда муваззаф карда шаванд, ки миёни омӯзгорон, донишҷуён, магистрантон ва намояндагони дигар сохторҳои таркиби донишгоҳ ҷиҳати оммавӣ гардонидани футбол соле на кам аз ду маротиба мусобиқаи футбол, аз ҷумла футболи хурдро ташкил ва баргузор намуда, ғолибонро ҳавасманд гардонанд.
5. Шуъбаи тарбияи донишгоҳ вазифадор карда шавад, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин барои таъсиси дастаи мунтахаби донишгоҳ оид ба футбол, аз ҷумла дастаи футболи хурд чораҳои қатъӣ андешида, барои иштирок ва муаррифии Донишгоҳ дар мусобиқоти гуногуни футболи сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҷуйӣ намояд.
6. Кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ вазифадор карда шаванд, ки барои инъикоси ҳамаҷонибаи футбол ҳамчун як нерӯи бузурги сулҳофарӣ, ваҳдатсоз, таҳаммулпазирӣ, ҳамрайъӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва пайвандгари халқу миллатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, матбуоти даврӣ ва рузномаву маҷаллаҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мақолаву маводи арзишманди иттилоотиву тарғиботӣ чоп карда, тавассути суҳбатҳои телевизиониву радиоӣ аҳамияти таърихии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали муттаҳидро аз 7 майи соли 2024 шарҳу тавзеҳ диҳанд.
7. Факултетҳои таърих, фалсафа ва кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ вазифадор карда шаванд, ки дар пайвандӣ ба паҳлуҳои гуногуни падидаи футбол, аз ҷумла таърихи таъсисёбӣ ва рушди он, тамоюлҳои рушди футбол дар ҷаҳони муосир, футбол ҳамчун як рукни фарҳанги умумибашарӣ пешбурди корҳои арзишманди илмӣ-таҳқиқотиро ба роҳ монда, дар номгӯи мавзуҳои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳои дахлдор барои дурнамо таҳқиқи мавзуҳои алоҳидаро оид ба футбол ба нақша гиранд.
8. Раёсати муҳосибот ва молиявию иқтисодии донишгоҳ вазифадор карда шаванд, ки барои беҳдошти ҳолати техникии майдончаҳо ва дигар инфрасохторҳои зарури варзишӣ, таъмиру тармими онҳо, сохта ба истифода додани майдончаҳои иловагии футболи хурд ва таъмини дастрасии омузгорону донишҷуён ба онҳо дар доираи имкониятҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
9. Шуъбаи тарбияи донишггоҳ вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати иҷрои қатъномаи мазкур чораҳои амалӣ андешида, соле на кам аз ду маротиба ба Раёсати донишгоҳ аз натиҷаи иҷрои корҳои анҷомдодашуда гузориш манзур намояд.