ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…”

297

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти омодагиҳо ба даври шаҳрии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дод.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Чорабиниро масъулини ноҳияи Шомансури шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

Довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ – устодону донишҷӯён ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ аз рӯйи наминатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, бо гирифтани 30 ҷойи ифтихорӣ: 7ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм ва 13 ҷойи сеюм миёни дастаҳо сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар маросими супоридани диплому туҳфаҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи ноҳия, олимону донишмандон ва дигар меҳмонону масъулон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот роҳбарони иштирокчиён бо «Сипоснома» ва мукофотпулӣ, инчунин, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ шуданд.