СУХАН АЗ АВВАЛИН ШОИРИ МИЛЛӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ

179

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ карда мешавад. Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст.

Ҳамасола санаи 22 сентябр дар мамлакат Рӯзи Рудакӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси факултетҳои филология ва молиявию иқтисодӣ дар хобгоҳи №8-и Донишгоҳи миллӣ миёни донишҷӯён нишасти судманд баргузор гардид. Сироҷиддини Эмомалӣ – декани факултети филологияи Донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки осори устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз пеш дар тарбияти ҷавонони тоҷик ва тақвияти руҳияи дӯстдоштани Ватан, эҳтиром гузоштан ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши таъсиргузоре дорад.

Дар идомаи чорабинӣ устоди кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Собирзода Ҳамза дар мавриди ҳаёту фаъолияти устод Рӯдакӣ маълумот дода, ҳамчунин аз ашъори ноби устод Рӯдакӣ порчаҳои назмӣ қироат кард.

Дар зимн декани факултети молиявию иқтисодӣ Саъдуллозода Сафарбек дар робита ба иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Донишгоҳ баҳри илмомӯзии ҷавонон суханронӣ намуда, ба ҷавонон-донишҷӯён хониши хубу аъло ва рафтори намунавиро талаб намуд. Зимнан, донишҷӯёне, ки аз ашъори ноби устод Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд, китоби тозанашр – «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ»-ро тақдим намуданд.