Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқи мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Дар солҳои 1941-1945 зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Онҳо барои дифо ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон доданд.
Соли 2025 аз ин санаи таърихӣ 80 сол пур мешавад, ки ба ин муносибат имрӯзҳо чорабиниҳои гуногунсатҳ дар дохил ва хориҷи кишвар доир мегардад.
Ҳадаф аз ин чорабиниҳо баланд гардонидани эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоат ва қавииродагии ҷавонон буда, Ёде аз санаи таърихӣ ва қаҳрамониҳои бемисл менамоянд.
Яке аз чунин чорабиниҳои омӯзишӣ, тарғиботӣ ва иттилоотӣ ин семинари байналмилалии “Суҳбат бо Русия. Ғалабаи умумӣ – хотираи умумӣ” («Разговор с Россией. Общая Победа – общая память») мебошад, ки имрӯзҳо дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия идома дорад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони давлатҳои гуногун, аз ҷумла
Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Ҷумҳурии Сербия, Қирғизистон, Озарбойҷон, Армения, Балгария иштирок доранд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ намояндагони кишвар: Абдуллозода Иброҳим – муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа ва намоянда аз сохтори масъули ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар кишвар Агаркова Олга Александровна,
ҳамзамон, намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Т.Иҳромов – мудири Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳ ва Хоҷаев Д. – мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳ иштирок доранд.
Ташаббускори семинар Маркази миллии хотираи таърихии назди Президенти Федератсияи Русия мебошад.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ роҳбари Маркази мазкур Малишева Елена Петровна аз муҳиммияти баргузории семинари мазкур ва рушди ҳамкориҳо дар самти чорабиниҳои минбаъда суханронӣ намуд.
Баргузории бахшҳои иттилоотӣ, тарбиявию тарғиботӣ ва сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.