БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР СОЛИ 2024

63

Имрӯз(08.01.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба натиҷаи фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа меҳмонон – сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л., инчунин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, муовинони ректор ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷаласаи васеи Шурои олимон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар зимн ректори Донишгоҳ оид ба фаъолияти сохторҳои марбутаи Донишгоҳ ба таври муфассал ҳисобот доданд. Мавсуф натиҷаҳои бадастомадаро дар соли 2024 дар маҷмуъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки соли 2024 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад. Зеро муҳимтарин дастоварди давраи ҳисоботӣ барои Донишгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Зимнан ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ пеш мебарад ва давра ба давра бо дастовардҳои назаррас шарафёб мегардад.

Дар робита ба ҳисоботи ректори Донишгоҳ декани факултети иқтисод ва идора, д.и.и., профессор Раҳимзода Ҳ.Р. ва мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика, н.и.ф., дотсент Усмонова Н.К. мулоҳизаронӣ намуда, ҳисоботи роҳбарияти Донишгоҳро мусбат арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А.И. дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар суханронӣ намуда, доир ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, нашри мақолаҳои илмии бунёдӣ, андешидани тадбирҳо дар самти амалӣ гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” дар Тоҷикистон пешниҳодҳо намуд.

Дар интиҳо ректори Донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба меҳмонон ва кулли устодону кормандони ДМТ дар соли 2025 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуд. Зимнан таъкид гардид, ки раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд.

Ёдрас мешавем, ки дар анҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 қарори дахлдор қабул гардид.