Имрӯз (10.01.2025) дар доираи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва қироати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 оғоз ёфт.
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. зимнан аз зарурати қабули «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 суханронӣ кард. Гуфта шуд, ки дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат таҳкими неруи илмию техникӣ ҳамчун яке аз шартҳои зарурӣ дар такмили иқтисодиёт ва гузариш ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самти афзалиятноки стратегӣ дониста шудааст. Маҳз бо дарки амиқу дақиқ бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024, солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ вобаста ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимои кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, боз як қадами устувор дар роҳи амалисозии муташакилонаи раванди ҳукумати электронӣ дар низоми идоракунӣ арзёбӣ намуданд. “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Дар бахши аввали ҳамоиш номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори раёсати инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҷабзода дар мавзуи “Рақамикунонии иқтисодиёт – тақозои замон”, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори Маркази инноватсияи Донишгоҳ Шамсулло Тағоев оид ба мавзуи “Технологияи муосир – ояндаи рушди инноватсионии кишвар” суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт замина мегузорад.
Гуфта шуд, ки дар робита ба ин масъала бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
– такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
– бо шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
– рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
– рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
-истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
-ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
Дар бахши дуюм як қатор устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантон ва роҳбарони илмии онҳо, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, озмуни умумидонишгоҳии мақолаи беҳтарин бахшида ба эълон шудани “Соли2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” инчунин, дар Олимпиадаи байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Туркманистон ғолиб гардидаанду сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд, Ифтихорномаи Донишгоҳ ва мукофотпулӣ дода шуд.
Ҳамин тавр, ҳамоиш бо музокираву муҳокима ва пешниҳодҳои судманд хотима ёфт.